👨🔧«УСТОҲОИ БОТАҶРИБА» ОПЫТНЫЕ МАСТЕРА
Ас'саламу алейкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракатуҳ,
Бародарони азиз! Мо ҳама бародарони тоҷик ба як хулосаи аниқ омада ин гурӯҳро кушодем, то ки ба ҳамаи устоҳо ва талабгорони устоҳо (соҳибхонаҳо) дастгири шавад. Аз ҳама нафарони ҳузурдошта хоҳиш мекунем, ки ҳамаи он шахсоне, ки ҳунарҳои гуногуни хуб доранд, мутахассисони хуби ботаҷриба ҳастанд, чи дар РФ ва чи дар ТҶ қарор доштабошанд, фарқе нест, дар ин гурӯҳ пайваст кунанд, мақсади пайваст шуданашон дар он аст, ки ҳастанд бисёр нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, баъзе соҳиби кору баъзе бекор, боз ҳастанд нафароне, ки депорт шуда дар Ватан қарор доранд, бекору бепулу саргардон, ин амал аз ҳама ҷониб дастгирии хуб мешавад.
Ҳар усто метавонад, ки натиҷаи корашро бо акс ё навор ва бо маълумот дар ин чат гузорад, мақсади ин кор ба ҳама фаҳмо аст.
Аз ҳамаи Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки тартибот, одобу ахлоқ ва муносибатҳои хуби инсониро риоя кунед:
1. Ҳар чизҳои нодаркорро напартоед.
2. Ҳар намуд эълонҳоро дар як рӯз як маротиба гузоред.
3. Ҳар хел силкаҳои нолозимро напартоед.
4. Оиди ҳар масъалаҳои гуногун ва эълонҳо дар личкаи худи он шахс гуфтугӯ кунед.
Агар аз ҷониби ҳар шахсе, ки ин масъалаҳо вайрон шавад, аз тарафи админҳо назорат бурда мешавад, удалить мекунанд.
Ташаккури зиёд.